Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор шуд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба сухани ифтитоҳӣ конференсияи илмиро оғоз кард. Зимни суханронӣ гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар радифи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои омўзгорӣ ва бахшҳои дигари хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва мамлакат нақши муҳим гузошт.
“Танҳо дар се моҳи аввали соли 2022 дар донишгоҳ 623 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 19 нафар докторони илм, профессорон, 145 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 459 нафар саромўзгорон, омўзгорон ва ассистентон дар 45 кафедраҳои донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул буданд”- афзуд С. Давлатзода, ректори донишгоҳ.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ қайд кард, ки корњои илмию тањқиқотї дар донишгоњ аз рўйи 45 равия сурат гирифта, зиёда аз 70 мавзўъро дарбар мегирад.
Сипас, Абдурасул Сатторов, доктори илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои мубрами таълими математика”, Санг Холназаров, доктори илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Тайёрии илмӣ-методии омӯзгорон ҳамчун субъекти муҳими таълиму тарбия”, Ҷурабой Собиров, доктори илмҳои техникӣ дар мавзуи “Таъсири барандагон ва ҳарорат ба хосиятҳои гармофизикии сегнетоэлектрикҳо-нимноқилҳо дар атрофи нуқтаи Кюрӣ” ва Баҳрулло Файзализода, доктори илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Хусусияти ҳамгироёнаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо системаи маориф” баромад намуданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ