Дирӯз яке аз шахсони бофарҳанг, некзамир ва кордону соҳибэҳтироми ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шодравон Табарӣ Саидмурод Кабут дунёи фониро падруд намуданд.
Мавсуф яке аз шахсоне буданд, ки бо донишу заковати баланд ва кордонии хеш дар рушди бемайлони донишгоҳ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.
Устод Табариро банда ду даҳсола инҷониб мешинохтам. Бароям тарзи гаштугӯзор, муколама, муносибат, рафтору гуфтор ва лаҳни сухангуии эшон басо ҷолибу мароқовар ва омили ҳавасу ибрат буд.
Устод Табарӣ воқеан ҳам шогирдони зиёдеро дар ҷодаи омӯзгорӣ, руҳияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудаанд. Аммо афсус…..
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ёдат ба хайру макони охиратат ободу пурнур бод!
Алвидоъ,
Алвидоъ,
Алвидоъ!

С.Тағойзода,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение 1 человек и роза