Давоми чор сол аст, ки ман дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил карда истодаам, ин махзани илму маърифат дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад.

Имрӯз ба шарофати дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҶТ инфрасохтори донишгоҳ хубтару беҳтар гардида, имкон фароҳам омад, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти донишгоҳ устувор гардида, мутахассисони болаёқати рақобатпазир омода карда шаванд, то дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намоянд. Ман низ ҳамчун як муҳассили зинаи бакалаври донишгоҳи мазкур бо ифтихор гуфта метавонам, ки заҳматҳои шабонарӯзии устодон дар оянда низ самар оварда, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён нақши созанда хоҳад гузошт.
Фирдавс ТЕШАЕВ, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси хадамоти гумрук
Возможно, это изображение 1 человек и стоит