Дар асоси мактуби Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 27.04.2022 ва бо розигии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба рисолаи номзадии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020303 – таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқи таърихӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон Умед Ҳашматуллоҳ дар мавзуи “Саҳми бостоншиносони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои бостонии Афғонистон (солҳои 1919-2019)” ҳамчун муассисаи пешбар интихоб карда шуд.

Рисолаи номзадии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос Умед Ҳашматуллоҳ дар мавзуи “Саҳми бостоншиносони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои бостонии Афғонистон (солҳои 1919-2019)” дар Шӯрои олимони факултети таърих ва ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷаласаро Д. Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас сухан барои маърӯза ба унвонҷӯ Умед Ҳашматуллоҳ дода шуд. Мавсуф муҳтавои диссертатсияашро ба маълумоти ҳозирин расонид. Аз тарафи олимони факултет ва дигарон ба унвонҷӯ саволҳо оид ба рисолаи илмӣ дода шуд.
Шӯрои олимони факултети таърих ва ҳуқуқ қарор намуд, ки ба рисолаи номзадии Умед Ҳашматуллоҳ дар мавзуи “Саҳми бостоншиносони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои бостонии Афғонистон (солҳои 1919-2019)” бо назардошти баъзе норасоиҳо тақризи мусбӣ дода шавад.