Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор шуд, ки дар он 200 нафар донишҷӯён аз 35 донишгоҳҳои олии кишвар ширкат варзиданд.

Ин озмун аз 13 то 14-уми майи соли равон идома карда, аз рӯйи 3 равия математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) ва географияи иқтисодӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) сурат гирифт.
Дар ин озмун ду нафар донишҷӯ – Муродҷон Саторов, донишчуи курси 4-ми ихтисоси географ ва демография сазовори ҷойи дуюм ва Қурбоналӣ Наҷмуддинов, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси физика-информатика ғолиби ҷои 3-юм дониста шуда, бо диплом ва маблағ ҳавасманд гардонида шуданд.
Инчунин, барои ҳамкориҳои судманд ба Раёсати донишгоҳ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.