Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда бошад ҳам аз оғоз то ба имрӯз мардуми ин сарзамин бо дониш, фарҳанг, санъат ва варзиш дар арсаи ҷаҳонӣ обруву ва эътибори Боми Ҷаҳон ва Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд. Мардуми ин минтақа 3,2 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон-қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевский (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшон-ро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Бадахшон аз оғоз то ба имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Ин минтақаи кишвар макони сайёҳии дохиливу хориҷӣ ба шумор меравад.
Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем Бадахшони имрӯза то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба бисёр нокомиҳо ва ҷангҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Дар ин росто мардуми сарбаланди ин сарзамин ба таҳдидҳо ва зулмҳо сар нафароварда шарафи инсонӣ ва қавмии хешро бо орияту асолти тоҷикӣ нигоҳ дошта омадаанд.
Чи хеле ки дар саҳифаҳои таърих дарҷ гардидааст аз Бадахшон Роҳи бузурги абрешим мегузашт, рафту омад ва муҳоҷирати ақвоми мухталиф дар ин ҷо ба мисли намоишгоҳе аз нажодҳо ва забонҳо табдил ёфтааст. Дар Бадахшони Тоҷикистон аҳолии асосӣ тоҷикон ба шумор мераванд. Бино ба иттилои М. А. Бубнова одамҳои аввалин ба Помир на аз Шарқ, балки аз сӯи Ғарб омадаанд. Дар даҳонаи рӯди Ҷавшангоз осори одамони асри санг (5-3 то м.) ёфт шудаанд, ки аз таърихи қадимии Бадахшон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикони Бадахшон аҳолии муқимӣ буда, ба коркарди замину чорводорӣ ва ҳунармандӣ аз давраҳои куҳан машғуланд.
МО ОРОМИИ БОМИ ҶАҲОН-РО МЕХОҲЕМ!
Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворҳое чарх задан доранд, ки аз вазъи кунуни Бадахшон ахборот медиҳад. Аз наворҳо бармеояд, ки як гуруҳ ҷавонони ноогоҳу беандеша дар маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ даст ба тазаҳурот задаанд. Яқинан метавон гуфт, ки аз ин корҳои харобиовару ташвишовар ҳоло душманони бадхоҳу бадрафтори миллат гӯшае нишаста бо завқ инро тамошо кардан доранд. Мо нав 30-сола шудем ва биёед ба ҷони ҷавони хеш ҷабр накунем. Бовар кунед фоидаи ҷанг харобиву валангорӣ ва бехонамонӣ аст. Мардуми сарбаланди Бадахшон барои пойдории Истиқлолияти кишвар саҳми бориз доштану доранд. Ман аз мардуми ин минтақа софдилонаву содиқона ва бо эҳтироми комил хоҳиш мекунам, ки роҳи ин гиридиҳамои ва тазаҳуротҳоро гиранд. Ба худу модарон ва фарзандони Бадахшону дар умум Тоҷикистон раҳм намуда фазои осоиштаи кишварро осоишу обод нигаҳ дорем. Нагузорем, ки аз камон тире бар алайҳи худамон кушода шавад. Нагузорем, ки худамон дар оянда изҳори пушаймонӣ кунем. Нагузорем, ки ноором шавад… нагузорем, ки нагузаронанд….
Бояд тамоми мардуми Бадахшон ва дар умум Тоҷикистон инро қабул ва дарк намоянд ҳар хонаро дарвозест ва дарвозаи ТИЛЛОИИ хонаи МО ТОҶИКОН ин БАДАХШОН аст. Мо озодӣ ва амнияти комилро дар остонаи кишвар мехоҳем ва иғвогариву даъсисабозии баъзеҳоро дар ин минтақи кишвар маҳкум менамоем. Ҳама бояд донанд, ки ҳеҷ неъмат беҳтар аз ободиву осоиштагӣ нест. Ман яқин медонам, ки созандагиву ободкорӣ ва ватансозиву бунёдкори мароми мардуми сарбалнди Бадахшон аст. Ҳамчунин таъкид ба он иғвогарон мекунам, ки БОМИ ҶАҲОН ифтихор ва обрӯи кулли мардуми Тоҷикистон аст ва хоҳиш мекунем, ки обру иффат ва ифтихори моро поймол ва коста насозед!
Возможно, это изображение 10 человек, люди стоят и на открытом воздухе