Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи чанд рӯзи охир дар маркази маъмурии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ баъзе аз афроди сиёҳтинат даст ба тазоҳурот зада, тартибу низоми ҷамъиятиро халалдор намуданд. Чунин шахсони носипос дар ҷамъият ангуштшумор бошанд ҳам, афроди зиёдро бо ҳиллаву найрангҳои худ фирефта намуда, ба роҳи каҷ мебаранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд тан аз афроди ватанфурӯшу бевиҷдон, ки хориҷ аз кишвари азизамон зери сояи хоҷагони хориҷии худ ба сар мебаранд, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳу воситаҳои мухталиф ҷавонони зудбоварро мағзшӯйи карда, зидди Ватану миллати тамаддунофари худ мешуронанд. Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир давлатҳои абарқудрати манфиатдоре ҳастанд, ки суботи оромии ҷомеаи моро намехоҳанд ва маҳз авзои сиёсиро ноором сохта, барои худ манфиатҷӯйи намоянд.
Ва принсипи онҳо “тафриқа андозу идора намо” мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро ба эътибор гирем, ки хеле нозук аст ва метавонад ба нооромиҳо оварда расонад.
Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз пешравию шукуфоии худро халқҳои ҷаҳон дар якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва таҳаммулпазирӣ мебинанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон таъкид менамоянд, ки мо сокинони кишвар пеш аз ҳама ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими устувори Ваҳдату Истиқлолияти сартосарӣ саҳмгузор бошем.
Мо сокинони ватандӯсту меҳанпарасти Хатлонӣ зархез рафтори ноҷавонмардонаи чунин ашхоси фирефташудаи хоҷагони хориҷиро маҳкум намуда, бо арзи эҳтиром ва ҷавонмардӣ аз онҳо хоҳиш менамоем, ки аз рафтори ғайриқонунии худ даст кашида, зери парчами сулҳу субот барои якпорчагии Ватанамон Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоранд.
Ҳайати омӯзгорони ДДБ
Возможно, это изображение 8 человек, гора и дорога