Имрӯз, 20 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки Х. Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Меҳроҷ Ғуломов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудавар дар мавзӯи “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” доир гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Х. Раҷабзода, оғоз намуда, иброз дошт, ки дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ пайваста эҳсос карда мешавад.
Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017 санаи 23 майро ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намуда буданд.
Ин ташаббус ҷавононро водор месозад, ки пайваста талош варзида, сазовори бовариву содиқ ба ин Ватану миллат бошанд.
Сипас, чанде аз иштирокдорон андешаҳои хешро роҷеъ ба саҳми имрӯзаи ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ иброз намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барои татбиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор донишҷӯёну омӯзгорони фаъоли донишгоҳ бо Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.
Раҳмон Раҷабзода,
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ