Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷамъбастии таҷрибаи омӯзгорӣ бо иштироки С. Холматов, роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки таҷрибаи омӯзгорӣ яке аз қисматҳои асосии нақшаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола донишҷӯёни курсҳои болоии ихтисосҳои омӯзгорӣ барои таҷрибаандузӣ ба мактабҳо сафарбар мегарданд.
Дар конференсияи мазкур донишҷӯёни курсҳои 3-юми ихтисоси таърих (ватани ва умумӣ) ва курсҳои 4-уми ихтисосҳои таъриху фарҳангшиносӣ, таъриху бостоншиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, ки дар нимсолаи баҳории соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳои шаҳри Бохтар сафарбар гардида буданд, иштирок карданд.
То оғози конференсия донишҷуён дастовардҳои худро аз раванди таҷрибаомӯзӣ ба намоиш гузоштанд.
Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Исозода Т. И. конференсия оғоз гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки донишҷӯёни факултети мо дар давоми фаъолияти таҷрибаомӯзии худ дар мактабҳо аз худ маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, аз ҷониби қариб ҳамаи роҳбарони муассисаҳо бо ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Дар оянда низ бо боварӣ метавон гуфт, ки аз онҳо мутахассисони хубу соҳибкасб мебарояд, ки дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ