Имрӯз дар бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-дар оинаи ВАО” доир шуд, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳарирони нашрияҳо, иштирок ба суханронӣ намуданд.

Дар идомаи мизи мудаввар ба омӯзгорони фаъол бо шаҳодатнома ва Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин, ба ду нафар донишҷӯёни фаъоли ихтисоси рӯзноманигорӣ стипендияи иттифоқ дода шуд.
Барои ҳамкориҳои пайваста аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сипоснома тақдим шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ