Имрӯз коргардону ҳунарпешаи театру синамо ва нависанда Ҳошим Гадо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ворид гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо коргардону ҳунарпешаи театру синамо ва нависанда Ҳошим Гадо сӯҳбати хоса анҷом дода оид ба дархости ӯ расидагӣ кард.
Пас аз суҳбат, тасмим гирифта шуд, ки 660 адад китобҳои тозаэҷоди Ҳошим Гадо ба фонди китобхонаи донишгоҳ ворид гардида мавриди мутолиаи завқмандони китоб пешниҳод мешавад.
Шарҳи ҳол:
Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.
Нақшҳои Сӯҳроб, Фердинанд, Ҳамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигарон ба ӯ шӯҳрати зиёд овардааст. Дар театр “Эдип” – и Софокл ва “Рӯдакӣ” – и Сотим Улуғзодаро ба саҳна гузоштааст.
Дар беш аз 50 филми тоҷикиву хориҷӣ, назири “Набарди се шоҳ” (1990), “Ритсарҳои кӯли сиёҳ” (1983), “Рустам ва Сӯҳроб” (1971) , “Ситораи Улуғбек” (1964) ва ғайра нақш бозидааст.
Ҳошим Гадо пурунвонтарин ҳунарпешаи тоҷик аст. Танҳо нафарест, ки дар замони Шӯравӣ ҳам унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР ва ҳам барандаи Ҷоизаи давлатии СССР – ро гирифтааст (1987).
Ӯ ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017) аст.