Об яке аз омилҳои муҳимми экологӣ барои организмҳои зинда мебошад. Бе об ягон организми зинда фаъолият карда наметавонад. Ин аст, ки обро мӯъҷизаи табиат меноманд.
Дар сафҳаи сар навиштсози таърихии миллати тоҷик, махсусан дар ин айёми фархундаву фирӯзи соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрам ва муҳими вобаста ба об, ҳифзу захираи он дар сатҳи бузургтарин минбари байналмиллалӣ бардошта шуд.
Табиат бо тамоми мављудияти худ зебост. Табиат барои инсон сарчашмаи нахустин неъматҳо мебошад. Аз ин рў инсон ҳаёти ҳаррўзаи хешро бе оби тозаю шаффоф, тасаввур карда наметавонад.
Айни замон коҳишёбии унсурҳои табиат тамоми инсонияти башариятро ба ташвиш овардааст. Мардуми Тоҷикистон чун як ҷузъи аҳолии сайёра барои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои обӣ ба таҷдиди сарватҳои табиии барқароршаванда талошварзида, пайваста ин масъаларо таҳти назар қарор дода, баҳри рафъи оқибатҳои номатлуби бўҳрони экологӣ ба он алоқаманд тадбирҳои судманд меандешанд.
Ҳифзи захираҳои оби дар шароити иқлими хушки Осиёи Марказӣ яке аз проблемаҳои муҳимтарин буда, бо проблемаи сузишворӣ дар як радиф қарор мегирад, чунин масъалаи муҳими замони муосир ин муҳофизати об аз ифлосшавӣ ва таҷидиди сарватҳои табиӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо ба ҳифзи сарватҳои табиӣ, хусусан об диққат дода мешавад, ки ин боиси пешгирии ифлосшавии об гардида истодааст. Бинобар ин, омўзиши дарёҳо, кўлҳо, пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ ва дигар объектҳои табиат барои ҷумҳурии мо масъалаи ниҳоят муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ, экологӣ ва ҳифзи онҳо аз коҳишёбӣ аҳамияти калони илмӣ- амалӣ ва давлатӣ доранд.
Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт тавлидгару танзимгари тамоми олами зинда буда, мувозинати муҳити зистро таъмин менамояд. Ҳамаи моддаҳои органикию ноорганикие, ки вориди организм мегарданду дар вай ҳаракат менамоянд, дар шакли ҳалшудаанд.
Воқеаҳои чанд даҳсолаи охири таҷрибаи инсоният бозгӯи онанд, ки об дар ҳалли масълаҳои муносибатҳои байналмиллалӣ, муносибат байни миллатҳои ҳаммарз мавриди истифодабарии об, амнияти экологиву минтақавӣ бо дастрасии хурдтарин ҷузъиётҳои зарури мавриди зиндагии инсон, дар ҳамбастагиҳои ногусастани қарор дошта, мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин маҳз ба об вобаста аст.
Аз ин рӯ, истифодабарии оқилона, тозаву озода нигоҳдорӣ, омӯзиши назарияҳои муносибат ва корбари мавриди истеъмолу коркарди об, бо назардошти муҳимият ва рӯзмарагии он мавриди мавқеъ ва нодирият дар ҳаёти инсоният ва бақои сайёра, муҳимтарин масъла мавриди ҳалли дуруст баҳри инсоният, маҳсуб меёбад. Маҳз тамаддунҳо ва маданиятҳои антиқа, дар соҳилҳои дарёҳо, мавзеъҳои чашмасор ва канори баҳрҳо арзи ҳастӣ намудаву инкишоф ёфтааанд.
Дар амал татбиқ намудани иқдомҳои наҷиби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилали далели он аст, ки кишвари мо мавриди тағйирёбии иқлим баҳри ҳалли масълаҳои об ва захираҳои обӣ, кӯшишҳои зиёд ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба харҷ дода истодааст.
Дилором Давлатова,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение 1 человек и текст «WATER ON DECAD 018 2028 ATEF Aaxcoлaи 6aйHaлmилaлии amaл 'o6 6apoи pywAи ycTyBop" coлxoи 2018-2028»