Имрӯзҳо аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ ба донишҷӯёни гурӯҳи фосилавӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.

Имрӯз дар гурӯҳҳои фосилавӣ дарси амалӣ аз ҷониби Сафармад Аҳмадов, мудири кафедари адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Таҳлили филологии як ғазалӣ Соиб Табрезӣ” бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик доир намуд.
Ҳамзамон, аз тарафи устод усулҳои фаъоли таълим истифода гардид. Донишҷӯён вобаста ба мавзуъ бо тарзи амалӣ таҳлил намуданд.
Вобаста ба талаботи дарси муосир ба ташаккули неруи зеҳнӣ ва равонию саҳеҳии нутқи шифоҳии донишҷўён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, мазмун ва мундариҷаи дарс аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон дастрас гардид.
Дар машғулияти амалӣ, донишҷўён бо китоби дарсӣ, дастурҳои методӣ ва маводи тақсимотӣ вобаста ба фан таъмин буданд.