Як гурӯҳ донишҷӯёни гурӯҳи фосилавӣ аз Осорхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки дар факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойгир аст дидан намуданд.

Нахуст, С. Тағойзода, мудири осорхона ба донишҷӯён оид ба таъсиси ин осорхона маълумот дод. Зикр кард, ки осорхонаи донишгоҳ яке аз самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ буда соли 2007 таъсис ёфта аз 10 гӯша иборат аст.
Дар ин замина ба донишҷӯён оид ба ҳар яке аз ин гӯшаҳо – гӯшаи Парчамдории халқи тоҷик, гӯшаи “Асарҳои Пешвои миллат”, гӯшаи “Бобоҷон Ғафуров”, гӯшаи “Дирӯз ва имрӯзи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”, гӯшаи “дастовардҳои факултети таърих ва ҳуқуқ”, гӯшаи “Кулолгарӣ”, гӯшаи “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, гӯшаи “Ҳунарҳои мардумӣ”, гӯшаи “Илм ва техника” ва гӯшаи “Пулу тангаҳо” аз ҷониби мудири осорхона маълумоти муффасал дода шуд.
Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Раёсати донишгоҳ садорати факултети таърих ва ҳуқуқ як зумра дарсҳои семинарию амалии фанҳои тахассусиро дар осорхона ба роҳ мондаанд, ки ин барои баланд бардоштани ҳиси ватандӯстию худшиносии донишҷӯён нақши муҳимро мебозад.
Садорати факултети таърих ва ҳуқуқ ва мутасадиёни осорхона бо дастгирии Раёсати донишгоҳ минбаъд низ дар ҷодаи ҷамъовари ва ҳифзу омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ кӯшиш намуда барои омода ва тарбия намудани мутахасисони баландихтисос аз шароиту имкониятҳои хуби кории мавҷуда самаранок истифода менамоянд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ