Имрӯз 23-уми июни соли 2022 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултет, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ доир шуд.
Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳи баромад намуд. Инчунин, Рустам Сафарзода, мудири кафедраи таърих, Амриддин Кабирӣ, ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Абдукибор Гадозода, профессори донишгоҳ суханронӣ намуданд.
Сипас, ба якчанд омӯзгор ва донишҷӯ, барои саҳми арзанда гузоштан бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ чанде аз ҳунармандони шинохтаи вилоят ва Дастаи ҳунарии «Леваканд»-и назди донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Марказӣ таҳлилӣ-иттилоотӣ