Имрӯз 29 июни соли 2022 дар ДДБ ба номи Носири Хусрав имтиҳони минимум аз фанҳои фалсафа ва таърихи илм ва забони англисӣ доир карда шуд, ки дар он Ҳ. Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, С. Субҳонзода, мудири кафедраи фалсафа, А. Пиров, дотсенти кафедраи фалсафа ва Х. Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогӣ, иштирок намуданд.

Барои супоридани имтиҳони минимум аз фанҳои фалсафа ва таърихи илм ва забони англисӣ зиёда аз 50 нафар унвонҷӯёни кафедраҳои донишгоҳ иштирок намуда имтиҳони минимумро супориданд.