Раванди корҳои сохтмонӣ дар зербинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби ҶДММ “Собир САМ” бомаром идома доранд. Дар ин сохтмон 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Дар ин замина аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети техникӣ ва технологӣ баҳри дар амал иҷро намудани корҳои таҷрибаомӯзӣ ба қолаббандии блоки Б – и ин сохтмон саҳми хешро мегӯзоранд. Ҳамчунин, ба таҷрибаомӯзон оид ба хусусиятҳои хоси тарзи истифода намудани маҳсулотҳои сохташаванда фаҳмонида мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки ин сохтмон иборат аз як бинои 11-ошёна, ду бинои ҳафтошёна, як бинои 9-ошёна ва як бинои сеошёнаро дар бар мегирад.