Имрӯз дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки васеъи рӯзноманигорони ВАО-и гуногун доир шуд.
Дар ин нишаст Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва хоҷагидории донишгоҳ дар шаш моҳи соли 2022 маълумот дод.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии Раёсати донишгоҳ таъмини босифати таълиму тарбия дар омодасозии мутахассисони рақобатпазири дараҷаи бакалавр то доктор (Рhd), ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳони таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми технологияи муосир дар раванди таҳсилот, татбиқи роҳу равиш ва тарзу усулҳои пешқадами раванди таълим мебошад.
САМТИ ТАЪЛИМ
Донишгоҳ раванди таълимро аз рӯйи 71 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва берун аз он ба роҳ мондааст. Имсол бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ихтисоси 1-020307 Забони англисӣ. Забони хитоӣ кушода шуда, аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф дар иҷозатномаи оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ихтисоси мазкур илова гардид, ки оид ба таълими ихтисоси мазкур ва қабули омӯзгорон тибқи талабот корбарӣ гардида, ихтисоси мазкурро дар ММТ назди Президенти ҶТ 71 нафар довталабон интихоб намуданд. Бояд зикр дошт, ки донишгоҳ дар раддабандии МТОК ҷиҳати интихоби довталабон дар ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 5-ум қарор дорад.
Имсол даври фаъоли сессияи имтиҳонии нимсолаи баҳорӣ барои курсҳои 1,2,3 ва 4- уми ҳамгиро аз 03.06.2022 то 18.06.2022 ҷараён гирифта, дар он 2346 имтиҳон ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин миқдор 1079 имтиҳон ба таври тестӣ ва 1267 имтиҳон ба таври шифоҳӣ дар факултетҳо баргузор гардидаанд.
Аз теъдоди умумии 7987 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 6357 нафар дар даври фаъол комёб гардиданд. Агар дар нимсолаи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 сатҳи сифати таҳсилот 35,2%-ро ташкил дода бошад, ин рақам дар сессияи баҳорӣ ба 39,5% расид, ки нисбатан 4,3% зиёд мебошад. Пешрафт тибқи натиҷагирии сессияи имтиҳонии зимистона 70,9%-ро ташкил дода, дар ин нимсола ба 79,6% расид.
Дар соли таҳсили 2020-2021 4844 нафар донишҷӯён донишгоҳро хатм намуданд, ин теъдод имсол 3589 нафарро ташкил дод. Агар дар соли 2021 аз шумораи умумии хатмкунандагон 23 нафар донишҷӯён соҳиби дипломи аъло гардида бошад, имсол 39 нафарро ташкил медиҳад, ки 16 нафар нисбат ба хатми таҳсили соли гузашта зиёд аст.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн гузаронида мешаванд. Бояд ҳаминро қайд кард, ки раёсати донишгоҳ то имрӯз барои гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо зиёда аз 130 корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин, барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ бо зиёда аз 23 муассисаи таълимии шаҳри Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Инчунин, аз литсейи назди донишгоҳ ва коллеҷи омӯзгорӣ низ бо ин мақсад истифода бурда мешавад.
Раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили равон бо иштироки мутахассисони шуъбаи такмили ихтисоси Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон дар факултетҳои забони англисӣ, забон ва адабиёти рус курси такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монданд, ки дар анҷоми он 19 нафар омӯзгорон аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус ва 27 нафар аз ихтисоси забони англисӣ бо шаҳодатномаи такмили ихтисос мушарраф гардиданд. Илова бар ин, 4 нафар омӯзгорони факултети забони англисӣ дар даври аввали курси такмили ихтисоси забони англисӣ дар Донишгоҳи Осиё дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ курси такмили ихтисос аз рӯйи равияҳои педагогӣ, психологӣ, забони англисӣ баргузор гардид, ки 81 нафар омӯзгорони равияҳои ғайриомӯзгорӣ, 32 нафар омӯзгорони фанҳои технологияи информатсионӣ, 32 нафар омӯзгорони факултетҳои забони англисӣ, физика, технология курсҳои кутоҳмуддатро гузашта, соҳиби сертификат гардиданд. Ҳамчунин, 50 нафар омӯзгорони факултетҳои химия ва биология, физика, математика-информатика аз курси сайёр аз ҳисоби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, соҳиби ҳуҷҷат гардиданд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Алтай тули як ҳафта омӯзиши дарсҳои забони русӣ баргузор гардид (аз он ҷумла дарсҳои онлайнӣ). Баъд аз супоридани тест ва суҳбати шифоҳӣ 120 нафар омӯзгорону донишҷӯён соҳиби сертификат гардиданд. Ҳамзамон, 19 нафар омӯзгорон дар таърихи 31.01.2022 соҳиби сертификати шурои Амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ шуданд. Агар дар соли 2021-ум 22 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта бошанд, дар соли таҳсили 2021-2022 ин теъдод ба 245 нафар расид.
Дар кластерҳои амалкунандаи курси тайёрии назди донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022 73 нафар таҳсил намуда, тибқи квота ду нафар шунавандагони шуъбаи тайёрӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд.
Бояд зикр намуд, ки имсол тибқи таҳлилҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф мувофиқ ба раддабандии Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав ба 10-гонаи беҳтарин дохил гардида, дар ҷойи 9-ум қарор гирифт.
Бо мақсади ҳавасмандӣ донишҷӯёни болаёқату аълохон ва навовару эҷодкор пайваста бо Стипендияҳои раёсати донишгоҳ, Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ бархурдор мегарданд. Дар соли таҳсили равон дар баробари стипендияи аз буҷети давлатӣ ҷудогардида 2 нафар донишҷӯёни аълохони донишгоҳ бо гирифтани Стипендияи Президентӣ, 5 нафар бо гирифтани Стипендияи раиси вилоят, 15 нафар донишҷӯён бо Стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 2 нафар донишҷӯ бо Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 нафар бо гирифтани Стипедияи Иттифоқи касабаи донишгоҳ сазовор гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои пайдарпайи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қабул гардида истодааст. Ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 3 гурӯҳи таълимашон бо забони русиву англисӣ кушода шуда буд, дар соли таҳсили 2021-2022 теъдоди ин гурӯҳҳо ба 7 расидааст, ки ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонро таълимашон бо забони англисӣ суръат мегирад. Ташкили дарсҳои онлайнӣ омили беҳтарини табодули таҷриба буда, дар соли 2020-2021 60 адад ва дар 6 моҳи соли 2022 34 адад дарсҳои онлайнӣ бо омӯзгорони МТОК-и дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардидааст.
САМТИ ИЛМ
Бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати мамалакат ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расонида шудааст. Агар дар соли таҳсили 2020-2021 бист нафар омӯзгорон рисолаи номзадӣ, 2 рисолаи докторӣ ҳимоя намуда бошанд, дар соли таҳсили 2021-2022 ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ба 28 нафар расидааст, яъне неруи илмии донишгоҳ рӯз аз рӯз зиёд гардида, дар соли 2020-2021 24,1%, дар соли 2021-2022 28,01%-ро ташкил медиҳад.
Агар дар соли 2020 таълифи 282 мақолаҳои илмӣ, 4 монография, 49 дастури таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ба қайд гирифта шуда бошад, ин шумора дар соли таҳсили 2021-2022 ба 377 мақолаи илмӣ, 34 монография, 96 дастурҳои таълимӣ расидааст.
Раёсати донишгоҳ тибқи «Нақшаи баргузории семинарҳо, машваратҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳо» дар соли 2020 3 конфренсия ва дар соли таҳсили 2021-2022 16 чорабинии илмии сатҳашон гуногунро баргузор намуд. Аз ин теъдод 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 3 конференсияи вилоятӣ, 2 конференсия донишгоҳӣ ва зиёда 10 мизҳои мудаввар баргузор намудааст. Дар соли 2020 602 нафар омӯзгорон дар конференсияҳои дохилӣ ва 41 нафар дар конфренсияҳои сатҳи байналмилалӣ бо маъруза баромад намуда бошанд, дар соли таҳсили 2021-2022 устодони донишгоҳ бо 1186 маърузаҳои илмӣ дар конфренсияҳои дохилӣ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, донишгоҳӣ) ва 93 нафар дар конфренсияҳои байналмилалӣ баромад карда, оид ба паҳлуҳои гуногуни илми муосир андешаронӣ намуда, донишгоҳро муаррифӣ сохтанд.
Айни замон ҳайати профессорону устодони донишгоҳ дар 45 кафедра муттаҳид шуда, ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд. Имрӯз дар донишгоҳ 17 нафар устодоне фаъолият доранд, ки барои меҳнати босамар бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Як нафар профессори донишгоҳ Комилӣ А.Ш. ба туфайли комёбиҳои бунёдӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳа эътироф гардида, ба узвияти Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олии Федератсияи Руссия интихоб гардида, унвони академикиро соҳиб шуданд.
Баъди таъсис ёфтани маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», муҳаққиқон, аспирантону унвонҷӯён олимони донишгоҳ имконияти беҳтари нашри корҳои илмии худро пайдо намуданд. Маҷалла дар тамоми сохторҳои давлатӣ оид ба нашрияҳо аз қайд гузашта, 8 сол боз кори худро идома дода истодааст. Маҷаллаи мазкур аз силсилаҳои илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ, силсилаи илмҳои табиӣ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ иборат буда, аз 20.07.2017 силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба феҳрасти маҷаллаҳои КОА Федератсияи Русия ва феҳрасти КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Дар маҷаллаи мазкур ҳар сол зиёда аз 500 мақолаҳои илмии муҳаққиқони кишвар ва хориҷа нашр мешаванд. Байни ДДБ ба номи Носири Хусрав ва китобхонаи илмии электронии Россия таҳти рақами 803-12/2014 шартномаи дуҷониба ба имзо расидааст. Тибқи он ҳар як шумораи нави маҷаллаи «Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав» ба ин муассиса ирсол мегардад. Шумораҳои нашршудаи маҷалла аз соли 2008 (солҳои аввал бо номи «Масъалаҳои педагогика ва психология») дар сомонаи китобхонаи электронии Россия (http://eLibrary.ru), сомонаи донишгоҳ (www.btsu.tj) ва сомонаи худи маҷалла (www.btsu. vestniki.tj.) мавҷуданд. Нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ» ҳамчун ҷузъи ВАО-и кишвар дар инъикоси масоили ҳаёти фарҳангии донишгоҳ саҳмгузор аст. Ин нашрия нашрияи соҳавӣ буда, асосан инъикосгари руйдодҳо ва масъалаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии донишгоҳ мебошад. Тариқи ба табъ расонидани беҳтарин мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ ва оммавии устодону донишҷӯён, ки ба манфиати омӯзгорону толибилмон нигаронида шудаанд, ҳадафҳои нашрия амалӣ карда мешаванд.
Дар ҳар шумораи ҳафтанома дар баробари тозатарин хабарҳо инчунин таълифоти устодон, донишҷӯён ва дигар алоқамандон пайваста ба нашр расида, дастраси хонандагон мегардад. Нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ» имсол ба теъдоди 10600 нусха интишор гардида, дастраси хонандагон мегарданд.
Раёсати донишгоҳ ба хотири ҳамкорӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ ба 34 номгӯи маҷаллаҳо дар 257 нусха обуна гардида, тавассути рӯзномаҳои мазкур аз масоили муҳими ҷомеа огоҳ шуда, омӯзгорону донишҷӯён мақолаву гузоришҳои худро дар матбуоти даврӣ пайваста рӯйи чоп меоранд.
Дар донишгоҳ дар зинаи магистратура, аспирантура, ва докторантура аз рӯйи ихтисоси PhD мутахассис омода карда мешавад. Агар дар соли 2020-2021 739 нафар магистр, 14 нафар аспирант, 52 нафар аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ва дар соли 2021-2022 524 нафар магистр, 6 нафар аспирант, 46 нафар аз рӯйи ихтисоси доктор PhD ба таълиму тадрис ҷалб гардидаанд.
Дар соли 2021 омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳурявӣ ширкати фаъол намуда, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин нишондод танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба 11 ҷой расид. 5 ҷой дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», 2 ҷой дар олимпиадаи ҷумҳурявии «Ҷоми раёсати донишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон», 4 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳурявӣ миёни донишҷӯёни МТОК-ро соҳиб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби раиси вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии олимони соҳа дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми муқарраргардида барои ҳимояи бомуваффақонаи рисолаҳои илмӣ дода мешавад. Инчунин, 20 нафар олимони донишгоҳ ва 14 нафар донишҷӯён бо стипендияи раиси вилоят сарфароз мегарданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 омӯзгороне, ки тасдиқи рисолаҳои докторию номзадиашонро гирифтанд, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба маблағи 65 000 (шасту панҷ ҳазор) сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён бо маблағи 24000 (бисту чор ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дар робита ба Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2022 №АП-154 оид ба озмуни Тоҷикистон –Ватани азизи ман, №АП-155 «Илм-фурӯғи маърифат», №АП-156 ва озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» корбарӣ намуда истодааст. Дар даври дуюми (шаҳри) озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 33 нафар омӯзгорон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ иштирок намуда, 27 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд. Инчунин, дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 54 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, сазовори 8 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 14 ҷойи сеюм гардиданд. Дар маҷмуъ, 38 нафар донишҷӯёну хонандагон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав айни замон ду Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010900 – Математика (6D010901.03 – Назария ва методикаи таълими математика), 6D011000 Физика (6D011001.02 – Назария ва методикаи таълими физика) ва Информатика (6D011101.02 – Назария ва методикаи таълими информатика) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз руйи ихтисоси 13.0 0.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03 – Назария ва методикаи таълими фанҳои риёзӣ, 13.00.08.02 – Назария ва методикаи фанҳои табиӣ ва 13.00.08.01 – Назария ва методикаи фанҳои ҷадид) ва таърихи илм ва техника фаъолият дорад.
Қобили зикр аст, ки дар 6 моҳи соли равон 2 212 адад адабиёти соҳавию бадеӣ ба китобхонаи донишгоҳ ворид карда шуд. Инчунин, зиёда аз 1000 китобҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ рӯйи нашр омада, дастраси донишҷӯёну омӯзгорон гардиданд.
САМТИ ТАРБИЯ
Баланд бардоштани раванди тарбия дар донишгоҳ яке аз самтҳои ҷудонашавандаи раванди таълим ба шумор меравад. Корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби намояндагони шуъбаи тарбия баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ 12 чорабиниҳои сатҳи донишгоҳиву вилоятӣ баргузор гардид. Инчунин, аз ҷониби зиёда аз 40 нафар омӯзгорону донишҷӯён мақолаҳо доир ба мавзуъҳои терорризм ва экстремизм дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд.
Бо мақсади ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва таъриху бостоншиносии факултетҳои химия -биология, филологияи тоҷик ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, муҷассама, мақбараи рамзӣ ва хонамузейи Мавлоно Ҷалоллуддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, мавзеи таърихии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Боғи ботаники»-и шаҳри Кӯлоб сафарбар гардиданд.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар 15 мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Масалан, дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол ва шоҳмот барои дарёфти ҷоми Раиси вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дастаи донишгоҳ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар Чемпионати Тоҷикистон бошад аз рӯйи намуди шоҳмот ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Инчунин, дар Спартакиадаи ҷумҳуриявии варзишии донишҷӯён аз рӯйи намуди волейбол, варзиши сабук, гӯштини миллӣ дастаи донишҷӯён сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Қобили зикр аст, ки 479 нафар донишҷӯён дар донишгоҳ тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 316 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ нисбат ба 25 нафар донишҷӯёни ятимони кул ва 50 нафар маъюб пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошанд.
САМТИ ИҚТИСОД ВА ХОҶАГИДОРӢ
Феълан, донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ бо теъдоди умумии 416 адад ҳуҷра, 2 кабинети лингофонӣ мебошад. Ҳамчунин дар ихтиёри донишҷӯён ду адад майдонча, 2 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ ба ҳамаи шароити замонавӣ қарор дорад.
Корҳои кабудизоркунӣ дар саҳни донишгоҳ пайваста роҳандозӣ шуда, зиёда аз 10000 адад гулҳои мавсимӣ шинонда шуд. Кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вобаста карда шудааст, тозаву озода карда шуд. Ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти донишгоҳ бо гулҳои мавсимию ороишӣ дар назди факултети химия ва биология гулхона ва мавзеи парвариши ниҳолҳои ороишии ситрусӣ омода гардидааст. Барои риояи талаботи санитарӣ, иншоотҳои муассиса бо хатти об ва обпартои мутамарказонидашудаи шаҳрӣ васл карда шудааст.
Ҳамасола маблағҳои шартнома дар донишгоҳ мақсаднок истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо муассис аз 1-уми сентябри соли 2022 баланд бардоштани маоши кормандони донишгоҳро аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ аз ҳисоби маблағи шартнома ба андозаи 10% ба нақша гирифтааст.
Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар арафаи рӯзи Артиши миллӣ 158400 (яксаду панҷоҳу ҳашт ҳазору чорсад) сомонӣ, ба муносибати Рӯзи Модар 96100 (наваду шаш ҳазору сад) сомонӣ, ба муносибати рӯзи Наврӯз 38600 (сиву ҳашт ҳазору шашсад) сомонӣ кӯмаки молиявӣ ба кормандону омӯзгорон расонида шуд.
Раёсати донишгоҳ ба хотири рушди минбаъда ният дорад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои нави хобгоҳи 7-ошёна барои донишҷӯён, бинои 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ барои кормандонро сохта ба истифода диҳанд. Инчунин, дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ китобхона ва маркази компютериро сохта истодааст, ки ғунҷоиши он барои зиёда аз 300 ҷой дар қироатхона, 250 компютер, маркази тестӣ, технопаркҳо, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо 500 000 нусха китоб ҷойгир гардидааст.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар баробари бо таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳар як мактаби олӣ, хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷ аз кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегиранд.
Такмили донишҳои касбӣ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантону магистрони донишгоҳ, воридшавӣ ба фазои ҷаҳони таҳсилот яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, он дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳу донишкадаҳо амалӣ мегарданд.
Ҳаминро бояд иброз дошт, ки донишгоҳ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Донишгоҳ ҳамкории худро бо марказҳои таълимӣ ва илмӣ- таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ сол то сол вусъат дода истодааст. Аз ҷумла бо сафоратхонаҳои Россия ва Амрико ҳамкориро баҳри такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷоннок намуда, аз оғози соли таҳсили 2021-2022 дар факултети забони англисӣ синфхонаи «Гӯшаи Амрико» ва дар факултети забон ва адабиёти рус маркази омӯзишии «Центр русского языка и литературы» ва дар бинои факултети таърих ва ҳуқуқ маркази омӯзишии «Русский клуб» бо таъмини таҷҳизотҳои таълимӣ ва технологӣ дар хизмати омӯзгорону донишҷӯён гузошта шудааст. Илова бар ин, бо ташкилоти ғайридавлатии «Good naihbor (Ҳамсояи хуб)» оид ба омӯзиши технологияи навини муосир ва таъмини донишҷӯдухтарони маъюб бо компютерҳо шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Қайд бояд намуд, ки дар соли 2020-2021 12 МТОК ва дар соли 2021-2022 бо 18 МТОК-и кишварҳои хориҷ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Айни замон як нафар магистри курси 2-юми факултети химия ва биология Ибрагимов Азизулло дар доираи ҳамкорӣ барои табодули таҷриба ба Муассисаи илмии Боғи марказии ботаникии шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Росия сафарбар гардидааст.
Дар 6 моҳи охир аз тарафи раёсати донишгоҳ бастани шартномаҳои нав бо муассисаҳои таълимию илмии дохил ва хориҷи кишвар суръати тоза гирифта, барои ба имзо расонидан бо Институти илми татқиқотии Макс Планкаи Гиётенгеми кишвари Олмон, Боғи ботаникии Сибири Марказӣ, Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, техникии Қазон ба номи А.Н. Туполеви Федератсияи Россия ва донишгоҳи KIMEP-и Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаи қарордодҳои ҳамкорӣ дар марҳилаи омӯзиши ниҳоӣ қарор доранд.
Моҳи ноябри соли равон аз ҷониби ташкилоти бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои тақвият бахшидани пояи моддии ихтисосҳои рӯзноманигорӣ 2 адад камераи замонавӣ бо дигар лавозимоти лозима дар асоси ҳамкорӣ тақдим гардид.
Оид ба лоиҳаҳо ва грантҳо ҳаминро бояд иброз дошт, ки барномае, ки аз ҷониби шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди таҳсилоти олии касбӣ дар маркази диққат қарор дорад, лоиҳаи сохтмони хобгоҳи донишҷӯён мебошад.
Дар охир, рӯзноманигорон ба суҳолҳои пешниҳоднамудаи хеш ҷавобҳои саҳеҳу мушахас гирифтанд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ