Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Анҷумани илмӣ-амалии байналмиллалии “Хонишҳои IV – уми Артуч” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир”баргузор гардид.
Дар рафти он Алимов Давлаталӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ ва Наботов Файзиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ба Анҷуман устодони факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Саиднуриддинзода Аҳлиддин ва номзади илмҳои таърих, саромӯзгор Баҳодуров Беҳрӯз низ мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуда буданд.
Кори Анҷуман аз рӯйи барнома аз зиёрати оромгоҳи Маликушуаро устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз гардид, ки ҳамаи иштирокчиён бо камоли эҳтиром ин мавзеи муқаддасро зиёрат намуданд. Иштирокчиёни Анҷуман аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон буданд.
Анҷуман кори худро дар Лагерии кӯҳии кўҳнавардии “Артуч” идома дод.