Дар хобгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён шароит фароҳам оварда шудааст. Дар заминаи ин бо ибтикори Раёсати донишгоҳ дар назди хобгоҳ барои писарону духтарон дар алоҳидагӣ мошинаи ҷомашӯйӣ ва ҳамомро, ки бо обигарм таъмин аст ба истифода дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар бинои назди хобгоҳи донишҷӯён аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав донишҷӯён аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва бетар шудани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам менамояд.

Оянда дар баробари бунёди бинои асосии таълимии Донишгоҳ инчунин, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва як хобгоҳи дигар барои донишҷӯён дар назар аст.

102102

Комментарии: 23

Нравится

Комментировать