Дирӯз Худойқулзода Ҳасанҷон, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик дарси амалиро аз фанни “Методологияи илми таърих” дар гурӯҳи 306-и ихтисоси таърихи ватанӣ ва умумии факултети таърих ва ҳуқуқ дар осорхонаи таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор намуд.

Боиси тазакур аст, ки баргузорнамоии дарсҳои амалӣ дар муҳити осорхона яке аз омилҳои баланд гаштани савияи донишу малака ва тақвияти ҳисси ватандӯстии донишҷӯён мегардад.

Донишҷӯён дар чунин тарзи ба роҳ мондани дарс ба таври амалӣ аз нозукиҳои касби пешанамудаи хеш огаҳи пайдо намуда, барои оянда соҳибкасб гардидан боз ҳам завқмандтар мешаванд.

4747

Комментарии: 4

Нравится

Комментировать