Дар асоси нақша чорабиниҳои шӯъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна” бо иштироки васеи донишҷӯёни хобгоҳ ба намоиш гузошта шуд.

Пеш аз оғози тамошои филм, Набизода Эмомалӣ, раиси созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар баромад намуд.

Ёдовар мешавем, ки таҳияи филми мазкур бори дигар симои аслии саркардагони нобасомониҳое, ки дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба амал омада буд, нишон дод. Ин саркардагон аз кору амалҳои ношоистаи худ изҳори пушаймони намуда, бетартибиҳои сарзадаи он рӯзҳоро аз амалҳои ношоистаи худ ҳисобиданд.

1717

Комментарии: 2

Нравится

Комментировать