Имрӯз Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ва Сафарзода Ғазалшоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ аз китобхона ва маркази компютерии донишгоҳ дидан карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки китобхона ва маркази компютерӣ дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ ҷойгир аст. Корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидааст. Имрӯзҳо корҳои васлкунии мизу курсӣ ва рахҳои китобҳо бо маром идома дорад. Дар дохили он барои зиёда аз 300 ҷой дар қироатхона, 250 компютер, маркази тестӣ, технопаркҳо, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо 500 000 нусха китоб ҷойгир мегардад.

Возможно, это изображение 4 человека и люди стоят

114114

Комментарии: 16

Нравится

Комментировать