Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Барои аз наздик шинос гардидани раванди озмун имрӯз аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмун Сатториён Матлубахон Амонзода ба донишгоҳ ташриф овард.

Зимни боздид Сатториён Матлубахон Амонзода таъкид намуданд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст.

Сатториён Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, ин дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст.

Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода ба ҳайат ва аъзои комиссия дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

и ещё 3

6464

Комментарии: 7

Нравится

Комментировать