Дар асоси ҳамкориҳои муштараки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо донишҷӯёни факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, педагогика ва варзиш, молиявию иқтисодӣ ва забон ва адабиёти рус суҳбат – вохӯрӣ баргӯзор гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода Тоҷидин, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Набизода Эмомалӣ, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлати ҷавонон, дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои ҷавонпарвару муаззами миллат баҳри ҷавонон, саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

3636

Комментарии: 1

Нравится

Комментировать