Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия, Эмомалӣ Набизода, раиси ҷавонони донишгоҳ ва Зарина Юсупова, раиси бонувони донишгоҳ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ таҳсилкунанда доир шуд.

Марид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар ДДБ ба номи Носири Хусрав 519 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи квотаи Президентӣ таҳсил дошта, аз ин шумора 180 нафар писар ва 339 духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Нафароне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ таҳсил мекунанда аз имтиёзҳои мавҷудаи хеш баҳравар мегарданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

3939