Имрӯз дар Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки васеъи донишҷӯён суҳбат-вохӯрии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия ва омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ» баргузор гардид.

Сараввал, бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳлиддин Сайнуриддинзода оғоз гардид. Баъдан, тибқи барнома Ашурзода Ҷамшед, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи «Паҳншавии ғояҳои ифротгароии динию сиёсӣ дар миёни ҷавонон», Набизода Эмомалӣ, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ дар мавзуи «Моҳият ва хусусиятҳои муҳимии терроризм», Давлатбек Қурбонов, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи «Ташаккули фаъолияти зидди террористи дар шароити муоосир» ва Самандар Раҷабализода, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи «Ҷавононро худогоҳи мебояд» баромад намуда доир ба сабабабу омилҳои шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он суханронӣ намуданд.

1010