Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии «Низоми андоз»-и кафедари андоз ва андозбандӣ мавзуи “Низоми андози Арабистони Саудӣ” баргузор шуд.

Дар он донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Шаҳло Давлатова, дар мавзуи “Низоми андози Арабистони Саудӣ” маърӯза намуда тариқи слайд пешниҳоди иштирокдорон гардонид.

Дар маърӯза гуфта шуд, ки иқтисоди Арабистони Саудиро асосан содироти нафт таъмин менамояд. Ин давлат дорои 25% захираи ҷаҳонии ин намуди маҳсулот мебошад. Захираҳои нафт дар ин давлат аз тарафи ширкати давлатии “Saudi Aramco” назорат ва идора карда мешавад.

Содироти нафт 90% даромади содиротии ин давлатро таъмин мекунад, инчунин 64% буҷет аз содироти нафт таъмин мегардад. 10- 12 % нафти ҷаҳониро ин мамлакат таъмин мегардонад. Истеъмолгарони нафти Арабистони Саудӣ давлатҳои Осиёи шарқи 47% ва ИМА 20% ба ҳисоб мераванд.

Аввалин андоз дар Арабистони Саудӣ ин закот ба ҳисоб меравад. Закот аз тарафи резидентҳои ин мамлакат бо меъёри 2,5% аз фойдаи соф ситонида мешавад. Барои напардохтани ин намуди андоз аз тарафи ҳукумат ягон намуд ҷаърима карда намешавад. Яъне ин намуди андоз ихтиёри ба ҳисоб меравад.

66