Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Холиқзода Абдурраҳим, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ, чорабиниро оғоз намуда иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуд. Дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад.

Зикр намуд, ки дар давоми 28 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Баъдан Холиқзода Абдурраҳим, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд.

Инчунин, Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Абдукибор Гадозода, профессори донишгоҳ оид ба саҳми қонуни асосии кишвар – Конститутсияро дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Дар охир, аз ҷониби дастаи “Левакант”-и назди донишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

и ещё 7

6868

Комментарии: 9

Нравится

Комментировать