Дар ҷаласаи якҷояи кафедраҳои таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав муҳокимаи рисолаи илмии Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин дар мавзӯи “Таърихнигории таҳқиқи этнографияи Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ)” зери роҳбарии д.и.т., профессор Муллоҷонов С.К. баргузор гардид.

Дар ҷаласа декани факултет дотсент Исозода Т.И., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дотсент Наботов Ф.С., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ н.и.т. Садриддини Айниддин, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия н.и.т. Баротов М.Ю., дотсент Казаков Р.С. ва дигар аъзоёни кафедраҳо иштирок доштанд.

Ҷаласаро мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ профессор Алимов Д.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас Саиднуриддинзода А.С. оид ба муҳтавои рисолаи илмӣ маълумоти мухтасар дод.

Баъдан сухан ба муқарризи рисолаи илмӣ н.и.т., дотсент Ҷабборов Раҷабалӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда фикру ақидаҳои худро иброз намуд.

Профессор Гадозода А. қайд намуданд, ки рисолаи илмии Саиднуриддинзода А.С. кори нахустини илмӣ мебошад, чунки пурра оид ба ин мавзуъ ягон нафар таҳқиқот набурдааст.

Баъдан роҳбари илмии Саиднуриддинзода А.С. д.и.т., профессор Муллоҷонов С.К., профессори кафедраи дунёи қадим, асрҳои миёна ва археологияи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар ҳақиқат рисолаи илмӣ нахустин буда, ҳаматарафа боиси дастгирист ва ба муқарризон барои дастгирӣ ба рисола миннатдорӣ намуд.

Саиднуриддинзода А.С. ба сухан баромада ба муқарризон ва баромадкунандагон барои баҳои воқеӣ додан ба рисола миннатдорӣ баён намуда.

126126

44 комментария

Нравится

Комментировать