Вокуниш ба мақолаи Мавлуда Гулова, корманди рӯзномаи “Фараж” дар мавзӯи “Хатлон: Ҷалби иҷбории донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ”

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳамкори бо кормандони рӯзномаи “Фараж” изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Ҳамзамон ба маълумоти масъулини рӯзнома мерасонем, ки дар мақолаи мазкур дар бораи иҷборан ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани донишҷӯён сухан рафта муаллиф Мавлуда Гулова ба ҳангомасозӣ роҳ додааст.

Муаллиф дар такя ба андешаи донишҷӯёни номаълум, ки гуё “дар ин кор роҳбари муассиса саҳм дорад” беасос аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар корманди ваколатдори ВАО бояд аз сарчашмаҳои муътамад кор гирифта, ахбори саҳеҳу дурустро дақиқ намуда баъд аз он интишор кунад. Аммо мутаасифона муаллиф дар пешниҳоди ин мавод ин масъаларо сарфи назар кардааст.

Тавре маълум аст, тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати зиёда аз 48 соат ба дарсҳо ҳозир нашудан донишҷӯ аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешавад. Вале ин амал бо мақсади ба хизмат ҷалб кардани донишҷӯ нест.

Падару модарони донишҷӯён низ медонанд, ки дар сурати мунтазам иштирок надоштан ба дарсҳо донишҷӯ аз сафи донишҷӯёни муассиса хориҷ карда мешавад. Мутаассифона то ҳол шояд ёфт шаванд падару модароне, ки аз таҳсили фарзандон ва иштироки онҳо ба дарс огоҳ набошанд.

Чаро муаллиф дар овардани далелҳо аз баёни ному насаби шоҳидон худорӣ кардааст? Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки ин бофтаи андешаҳои хабарнигор буда, танҳо бадном намудани муассиса ва иҷрои нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ мебошад. Ин ва дигар андешаҳои яктарафонаи муаллиф, ки сабаби халалдор гаштани низоми таҳсил мегардад, боиси нигаронист.

Аз ин ру, аз масъулини идораи рӯзномаи “Фараж” хоҳишмандем, ки ҳангоми омода кардани мавод, кормандон тавозуни назарҳоро бояд риоя намоянд.

Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 2 человека и текст

5151

57 комментариев

Нравится

Комментировать