Вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, пешгӯи нашудани сиёсати давлатҳои хурду бузург, густариш пайдо намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, зиёд гардидани ҳамлаҳо дар сарҳадҳои кишварҳои гуногун ва дарки дурусти падидаву зуҳуротҳои манфӣ моро ҳушдор медиҳад, ки аз пештара дида иттиҳоду сарҷамъ бошем ва барои таҳкими ваҳдату Истиқлолияти комили Ватанамон саҳми бештар гузорем.

Мутаасифона, солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки ҳодисаву воқеаҳои дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва инъикосшуда яктарафа баҳогузорӣ мешаванд, ки ин ҳолат муносибату паёмадҳои нохушро низ дар ҷомеа ба бор меоранд. Чунин муносибатро мо борҳо, ба хусус дар воқеаҳои охири марзӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дидему шоҳиди аслии он гардидем.

Чанде қабл, нигоштаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалиро зери унвони мавқеи “Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо таваҷҷуҳи зиёд мутолиа намуда, аз он бардошти хосае намудам.

Дар воқеъ, миллати тоҷик дар ҳеҷ давру замоне ба халқу кишваре ҳуҷум накардааст ва баракс, таърих гувоҳ аст, ки ба ин сарзамини шукуфон аҷнабиён лашкар кашидаву ин мулки ободу зеборо вайрону валангор, мардумашро ба қатл расонида, сарвату дороиҳои онро ба яғмо бурдаанд. Тамоми донишмандони олам ба тамаддунофару фарҳангӣ будани миллати тоҷик қоиланд ва ба он арҷ мегузоранд.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар таълифоти худ бо далелҳои воқеӣ масъалаи омилҳои рӯх додани низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ додааст. Тавре маълум аст наздики 100 сол мешавад, ки мардуми қирғиз заминҳои ба тобеъияти тоҷиконбударо ба иҷора гирифта, дубора хоҳиши баргардонидани онҳоро надоранд.

Ҳарчанд борҳо ҷиҳати ҳалли қазияи марзӣ миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон созишномаҳои зиёде дар ин самт қабул гардида бошад ҳам, ин ҳуҷҷатҳоро марзбонону сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон вайрон намудаву бо ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи худ боиси марги сарбозону шаҳрвандони осоиштаи кишварамон мегарданд.

Ба таъкиди муаллифи мақола бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл намудани масъалаи мазкур баъзе кишвару созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи “миёнаравӣ”-ро иҷро намуданд, ки ба ҷойи ҳалли ваъияти бавуҷудомада, дучанд мураккабу печида гардида истодааст, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад.

Чунончӣ дар ин хусус муаллифи мавод менависад: “Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии “миёнаравон”-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тулонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст”.

Дар шароити кунунии бархӯрдҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва марзию иттилоотӣ моро зарур аст, ки сатҳи огоҳии мардуми кишварамонро оид ба вазъи сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон баланд бардорем то онҳо аз асли масъала бохабар бошанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ чӣ гуна муносибат карданро донанд.

Дар ин маврид муаллиф зикр мекунад, ки: “Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳодисаҳои моҳҳои охир мардуми қирғиз дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ бе далелу факт даъвои заминҳои ба кишварамон тааллуқдошта карда, аввал ба марзбонони тоҷик ва мардумамон ҳуҷҷум намуда, сипас дар ин самт иттилооти бардурӯғу беасосро паҳн намуданд.

Ҷомеаи башарӣ аз асли қазия огоҳ нестанд ва бовар дорем, ки маводи мазкур ҷавоби хубест ба душманони дохилу хориҷи кишвар то донанд, ки мардуми қирғиз замоне ба сарзамини тоҷикон омада, заминҳоро ба иҷора гирифтаву дубора намехоҳанд, ки онҳоро баргардонанд. Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо барои ҳалли масъалаи мазкур ҷиҳати сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб менамояд, ки то заминҳои аз ҳисоби ҳудуди Тоҷикистон дар ихтиёри худ доштаро баргардонад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёд масълаи сарҳад, заминҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқоштаи имрӯзаи истифодабарандагонро аз ҷониби мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон дар нагоштаи худ баён дошта, таъкид менамояд, ки бояд адолати таърихӣ таъмин карда шавад.

Номбурда ба хулоса меояд, ки: “Доштани чунин пояи мантиқӣ ва чунин бовари рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад. Табиист, ки бе донистани рӯшани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Зеро, чуноне, ки мегӯянд, ҳар бовар бояд мантиқ ва асоси устувор дошта бошад”.

Воқеяти мавҷударо натанҳо хурду бузурги мардуми Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони рӯйи олам ва дигар халқу миллатҳо бидонанд ва барои дарку хулосаи дурусти он муносибати хосае карда тавонанд.

Аз ин рӯ, мо бояд дар сатҳҳои гуногун мақолаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхтаву моҳияти онро ба шаҳрвандонамон фаҳмонем.

Сангимурод Шарипов,

мудири кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав