Шоми имрӯз, 21 декабри соли 2022 дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз достонҳои мароқангезу таъсирпазири “Шоҳноиа”- и Абулқосим Фирдавсӣ пешниҳоди тпмошобинони театр гардонида шуд.

Дар нахустнамоиши он Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.

Шурӯъ аз ин интихоби мавзӯъ то иҷрои нақшо ҳама касбӣ ва пуртаъсиру хотирмон буданд. Иштирокчиёни намоиш аз театр бо таассуроти нек баромаданд.

Бояд қайд намуд, ки намоишнома фарогири рӯзгори ибратомӯзи гузаштагонамон буда, моро бо асли пурифтихорамон мепайвандад.

2121

1 комментарий

Нравится

Комментировать

Отправить