Агар ба бист соли охири рушди иқтисодиёти Тоҷикистон назар афканем, дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардидидааст. Зимни баромад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардидааст.

Бо назардошти ин, дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзудааст.

Масъалаи дигаре, ки дар Паём таъкид шуд, дар доираи солҳои 2022-2026 эълон шудани «Солҳои рушди саноат» бунёди 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки ин нишондиҳандаи хуб мебошад.

Хурсанд ҲАМДАМЗОДА,

номзади илмҳои иқтисодӣ

Ҳамовозӣ ба Паём