Имрӯзҳо тибқи ҷадвалҳои тасдиқнамудаи Раёсати донишгоҳ донишҷӯён имтиҳонҳои ҷории худро дар се шакл – тестӣ, шифоҳӣ ва маҳорат аз фанни тарбияи ҷисмонӣ супорида истодаанд.

Баҳри халал ворид накардан ва таъмини шаффофият ба рафти имтиҳонҳо масъулини Маркази тестии донишгоҳ дар ҳузури намояндаи факултет донишҷӯёни имтиҳонсупоро бо гирифтани изи ангушт, ки шахсияти донишҷӯ муайян шуда баъд аз он ба назди компютер барои супоридани имтиҳон иҷозат медиҳад.

Намунаи беҳтарини ин амал ин аст, ки донишҷӯ холи аз имтиҳон ба даст овардааш, ки дар манитори компютер намоён мешавад аз маркази имтиҳонӣ берун мешавад.

Роҳбари маркази имтиҳонӣ дар донишгоҳ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим буда пайваста аз раванди имтиҳонсупории донишҷӯён дидан мекунад.

и ещё 6

8484

10 комментариев

Нравится

Комментировать

Отправить