Ҳамасола бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани озмуни “Сайри гули лола” тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби масъулин андешида мешавад. Ҳамин аст, ки сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист ба як кори дастаҷамъона табдил ёфтааст.

Имрӯз, 7 январи соли 2023 дар қитъаҳои замини назди факултетҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, тибқи тавсияи олимону мутахассисони соҳа гули лола шинонида шуд.

Ҳангоми шинонидани гули лола қоидаҳои агротехникӣ, нармкунии замин, истифодаи нуриҳои органикӣ ва тарзи шинонидани онро риоя намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳудуди қитъаҳои замини назди донишгоҳ зиёда аз 20 ҳазор дона гули лола шинонида мешавад.

и ещё 3

8181

7 комментариев

Нравится

Комментировать

Отправить