Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ” баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, Р. Саидзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Маҳмадкарим Шарипов, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Ҷаласаро Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инновтсия, ифтитоҳ намуд.

Аз руйи нақшаи корӣ Маҳмадкарим Шарипов, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ” оид ба фаъолияти солонаи ташкилот баромад намуда, иброз дошт, ки дар соли 2022 ташкилот чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, варзиширо баргузор намуда, дар чорабиниҳо ва аксияҳои мухталифи ҳизбӣ иштирок доштанд.

Сипас, Эмомалӣ Набизода, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ дар мавзуи “Сиёсати хориҷӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Все реакции:

7676