Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавии донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав меҳмононро хушомадед гуфта, иброз намуд, ки муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ииқисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад.

“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст”, -афзуд С. Давлатзода.

Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон зимни баромади худ, қайд кард, ки тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.

Дар идомаи суханронӣ Фирдавс Холиқов иброз доштанд, ки ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интақом қарор медиҳанд.

“Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд”,- иброз дошт Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ Мутеъуллоҳ Наҷотзода, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Хатарҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маҳкум кардани он аз дидгоҳи дини мубини Ислом” ва Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “ Омилҳои асосии тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он” баромад намуданд.

Дар охир ба ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

и ещё 3

Все реакции:

7575