Омӯзгорони факултетҳои информатика, математика, техникӣ –технологӣ ва физика барои сайқал додани маҳорати касбии хеш дар Китобхонаи донишгоҳ курси бозомӯзиро гузашта истодаанд.

Ташкили чунин омӯзишҳо аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонбарои такмили ихтисоси устодон манфиатбахш буда, малакаю маҳорати онҳоро барои истифодаи усулҳои нави таълим, баланд мебардорад.

Дар ин омӯзиш омӯзгорони дорои унвонҳои илмидошта ба мисоли дотсентон Ш. Тағоев, Ф. Истамов, Н. Носиров ва профессорон М. Абдукаримов, М. Мирзоев ба иштирокдорон оид ба забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ, математикаи олӣ, педагогика ва психологияи мактаби олӣ, математикаи олӣ, методикаи таълими физика дар мактабҳои олӣ ва технологияи иттилоотӣ дарс мегузаранд.

Ҳамаи шаклҳои такмили ихтисос ҳадаф доранд, ки донишу маҳорати омӯзгорро такмил дода, мақому манзалат ва ҷойгоҳи аслии онро пайдо намояд. Тавассути ин кор омӯзгор худ низ ба сайқал ва суфта кардани маҳорат ва малакаи педагогии худ манфиатдор бошад.

Маврид ба ёдоварист, ки курси омӯзишии мазкур аз 10- уми январ оғоз гардида то 26- уми январ идома мекунад.

Все реакции:

4343