Мақолаи илмию таҳлилии Сангимурод Шарипов, мудири кафедари рӯзноманигории донишгоҳ зери унвони “Донишҳои экологӣ ва зарурати инъикосу баррасии он дар журналистика” аз рӯи номинатсияи “Маърифати экологӣ”, ки бо ташабусси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда буд, иштирок намуда бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.

“ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ЗАРУРАТИ ИНЪИКОСУ БАРРАСИИ ОН ДАР ЖУРНАЛИСТИКА”

Журналистика чун институт ва воситаи муқтадири дастрас ва паҳнкунандаи иттилоот пазируфта шуда, дар маърифати олами иҳоташуда ба инсон ёрӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки Инсон аз даврае, ки худро чун ҷузъи табиат ва ҷамъият мешиносад, ба иттилоот таваҷҷуҳу иртибот дорад. Иттилоот, аз ҷумла иттилооти экологӣ чун донишҳои зарурӣ ҳамеша инсонро таҳрик ва ба самти муайян роҳнамоӣ карда, барои фаҳмиши қонунҳои табиат ёрии амалӣ мерасонад. Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба масъалаи ҳифзи табиат, тавсеаи донишҳои экологӣ дар замони мо, ки ҳуқуқҳои инсон ва раванди демократикунонии ҷомеа босуръат афзалият пайдо кардаанд, аз самтҳои асосии фаъолияти кишварҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Дастрасӣ доштани шаҳрвандон ба иттилооти экологӣ, пеш аз ҳама ба ҳифзи муҳити зист ва самараноку оқилона истифода кардани захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Зикр намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ва интишори иттилоот, хоса иттилооти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муносибати моро дар ин ҷода ба танзим медароранд.

Ҳамчунин қайд намудан лозим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои экологӣ буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ, конвенсия ва созишномаҳоро низ эътироф ва пазируфтааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама имкони дастрасӣ ба иттилооти экологиро дар ҷараёни муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва танзим мекунанд.

Қайд намудан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри таҳким бахшидани донишҳои экологӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандааш дар ин самт мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Омӯзиши фанҳои экологӣ ва ба он алоқаманд дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишвар гувоҳи он аст, ки мо ба ин гуна донишҳо ниёз дорем ва ба он арҷ мегузорем. Дар воқеъ, масъалаи маърифати экологӣ ва чигунагии муносибат ба он ҳамеша зери таваҷҷуҳи кормандони натанҳо ҳифзи муҳити зист, балки намояндагони дигар соҳаҳо, хоса кормандони воситаҳои ахбори омма қарор дорад. Ҳамин омил аст, ки журналистика бо экология аз давраи пайдоиши ҳамдигарӣ бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд. Аксари масъалаҳои экологӣ дар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикосу баррасӣ мешаванд. “Инъикос кардани мавзӯъҳои экологӣ дар ВАО зарур аст, зеро вазъи саломатӣ, офияти инсон ва ҳолати муҳити зист алоқаи бевосита дорад. Бинобар ин, дар бораи вазъи муҳити зист аз ҷониби аҳолӣ бо эҳсоси баланд чун инстинкти зинда мондан қабул карда мешавад”.

Ҳифзи муҳити зист ва таваҷҷуҳ ба он омили муҳимми таъмини ҳаёти организми зинда дар рӯйи замин мебошад. Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ дорад, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт тавассути воситаҳои ахбори омма маводи зиёде интишор мегардад, то ин ки сокинон ба табиат ва ҳифзи он масъулияти бештар дошта бошанд. “Дар журналистикаи экологӣ маърифатбахшӣ, яъне баланд бардоштани маърифати экологии омма яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва асосӣ маҳсуб меёбад”. Дар ҳақиқат, интишори мавод тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба ҳифзи муҳити зист дар зеҳни наврасону ҷавонон ва дар умум сокинон чигунагии муносибатро бо табиат ва сарватҳои он ба вуҷуд меорад. Таҳкиму ҷорӣ намудани эҳсоси зебоипарастӣ низ аз ҳамин дидгоҳ ибтидо мегирад. Ба таъбири муҳаққиқ Ҷ. Яқубов: “Вазифаи эстетикии журналистикаи экологӣ аз бедор кардани ҳисси табиатдӯстдорӣ ва зебоипарастии омма иборат аст. Ин гуна мавзӯъҳо одатан барои беҳ гаштани ҷанбаъи ахлоқии ҷомеа мусоидат менамояд”.

Дар ҷомеаи муосир инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла норасоии маводи озуқа, хушксолӣ, вайрон гардидани муҳити зист, босуръат об гардидани пиряхҳо рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин омилҳо паёмадҳои ногувор доранд. Ҳарчанд мутахассисони соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар василаҳо ҷиҳати таъсирпазирии инсоният ба муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои зиёновар мақолаҳо ба нашр расонанд ҳам, ин мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳои худ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим сухан намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват меоваранд, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ қарор дошта бошанд. Дар ин хусус дар Паёми навбатиашон (21.12.2021) чунин нуктаро зикр карданд: “Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.

Яке аз проблемаҳои асосии экологӣ афзоиши босуръати шумораи одамон дар рӯйи Замин мебошад. Ин ҳолат аксарияти кишварҳо ва ҷомеаҳоро нигарон карда, боиси пайдо гардидани дигар мушкилоти экологӣ, аз ҷумла вайроншавии муҳити зист, нобуд кардани экосистемаи табиат, паррандагону ҳайвонотҳо, гулу гиёҳ ва дарахтон, зиёд гардидани партовгоҳҳо, норасоии оби ошомиданӣ, маводи озуқа, ҷойи кор ва ғайра гардидааст. Муҳаққиқ Бердиев Ҷ.Б. ин масъаларо таҳлил намуда, дуруст баён доштааст: “Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки чи қадар зичии аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар ифлосшавии муҳити атроф меафзояд. Қобили қайд аст, ки дар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон афзоиши ифлосшавии муҳити атроф на аз ҳисоби зичии аҳолӣ, балки аз ҳисоби дараҷаи инкишофи илму техника муайян карда мешавад”. Дар шароити имрӯза лозим аст, ки давлату кишварҳо Барномаву Стратегияҳоро дар робита ба ҳифзи табиат, муносиабат ба олами зинда, тарбияи зебоипарастӣ қабул намуда, дар асоси он фаъолиятро ба роҳ монанд. Яке аз омилҳои дигари пешгирии таъсирпазирии инсон ба табиат, ин танзими дурусти оила ва баланд бардоштани маърифату масъулияти шаҳрвандон дар робита ба он мебошад.

Ба касе пӯшида нест, ки бо зиёд шудани аҳолӣ бояд истеҳсолот низ афзоиш ёбад. Вақте истеҳсолу истеъмоли маҳсулот зиёд шуд, хоҳ нохоҳ таъсирпазирӣ ва ифлосшаваии муҳити зист аз ҷониби инсон бештар мегардад. “Аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда бармеояд, ки аз соли 1945 сар карда, миқдори аҳолӣӣ 42%, ифлосшавии муҳити атроф 10 – 20 маротиба, аммо даромади миллӣ бошад, 126% зиёд шудааст. Муайян шудааст, ки дар ИМА ҳар сол 148 млрд қуттиҳои холии консерва, 26 млн зарфҳои шишагин, 65 млрд қуттиҳои металлӣ ва пластикӣ ба атроф партофта мешаванд. Хароҷоти солона барои ҷамъ ва нобудкунии пасмондаҳо 3 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон барои нобудкунии пасмондаҳо 2 – 2,5% даромади миллӣ сарф мешавад”.

Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологӣ ва боло бурдани маърифатнокии аҳолӣ дар самти истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист се Барномаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки сеюмин Барнома маҳсуб меёбад, нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди тарбия, маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ ба таври равшан нишон дода шудааст. Дар ин хусус дар Барнома таъкид гардидааст, ки: “Вазифаҳои асосие, ки воситаҳои ахбори омма дар низоми маърифат ва тарбияи экологӣ анҷом медиҳанд, ташаккули афкори ҷомеа ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тарбияи фарҳанги экологӣ ва пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ мебошад”.

Муносибати сарди инсонҳо нисбат ба табиат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳар чӣ бештар дар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологӣ талош намоем. Ҳар қадар табиат аз хатарҳо ҳифз карда шавад, ҳамон андоза ҳаёт дар рӯйи Замин тулонӣ давом мекунад. Агар имрӯз мо ба оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва инкишофбахшии муҳити зист масъулият зоҳир намоем, ҳамон андоза пешравиҳо ба вуҷуд меоянд.

Возможно, это изображение 2 человека и люди стоят

Все реакции:

4343