Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат таъин гардидан, таваҷҷуҳи худро ба яке аз масъалаҳои муҳим, яъне рушди илм, мактаб ва маориф бештар зоҳир намуданд.

Давраи роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони шаҳомати асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.

Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – ин таҳлил, арзёбӣ, ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.

Чи хеле ба ҳамагон маълум аст, 23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар мебошад, ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд. Дар маросими мазкур, ки дар «Кохи Сомон» баргузор гардид, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва муовинони сарвазир, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ, сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо ва дигар қишри ҷомеа иштирок доштанд.

Бояд қайд намуд, ки аз рӯзи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешавад ва дар солҳои баъдии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд шакл ва мазмуни тоза касб намуд.

Дар Паём оварда мешавад, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин сабаб, давлату ҳукумат ба масъалаҳои маориф диққат ҷиддӣ дода, пайваста дар ин самт чораҳои дахлдори амалӣ меандешанд.

Лозим ба ёдоварист, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат пай дар пай соҳаи маориф рушд намуда, барномаҳои муҳими давлатӣ дар ин самт амалӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат масъалаҳои маориф, мактаб, омӯзгор ва рушди илми кишварро пурра мавриди баррасӣ қарор дод. Дар Паёми сарвари давлат афзалиятҳо, дастовардҳо, мақоми маорфи дар ҳаёти кишвар, самтҳои ташаккули соҳаи маориф дар оянда таҳлил карда шуд. Президенти мамлакат дар паёми имсолаи худ паҳлуҳои гуногуни соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз намуданд, ки эҳтироми омӯзгор ва мактаб муқаддас аст, инчунин оварда шуд, ки касби омӯзгорӣ касби пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа мебошад.

Дар муддати сиву як соли соҳибистиќлолӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф мебинем, ки сармояи зеҳнӣ дар кишварамон рўз то рўз боло гардида, сабаби пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими иќтисодию иҷтимоии мамлакат гардидааст. Дар воќеъ пешрафти ягон соҳаро бе рушди илму маориф ва баланд бардоштани сармояи зеҳнӣ тасавур кардан ѓайри имконаст. Њаминаст, ки ҳамасола дар кишвар муассисаҳои нави таълимӣ, сохта ба истифода додани бинову иншоот ва ворид намудани техналогияи муосир дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дар мамлакат далели ин гуфтаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки маориф яке аз афзалиятҳои асосии рушди кишвар муайян шудааст. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки дар сиёсати давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф ва мақому манзалати омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятнок буда, барои рушди ин соҳаи муҳимм ҳамаи чораҳои гуногун меандешанд.

Дар Паём оварда мешавад, ки мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгор чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф гардида, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштан аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Сармояи инсонӣ омили муҳимми рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки онҳо ба соҳаи маориф ва илм диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо ҳамин назардошт, пешрафти соҳаи моариф заминаи барои рушди ояндаи дурахшони кишвар аст.

Сарвари давлат ба масъалаи саводнок гардидани аҳолӣ, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи муосир диққати ҷиддӣ дода, дар ҳама суханрониҳои худ ин масъаларо таъкид менамояд. Дар Паёми имсолаи худ низ Пешвои миллат қайд карданд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, яъне бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироотҳо, инноватсияи пешбурди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои муосир ба муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон ҳамаи чораҳоро андешанд.

Бо мақсади беҳтарнамоии вазъи таълиму тарбия ва умуман фаъолияти кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо бист фоиз зиёд карда шаванд. Чунин дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат боиси баланд шудани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мегардад, зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Тамоми заҳмату талошҳои мо бояд барои фардои нек, рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодӣ равона шаванд.

Давлаталӣ Алимов,

д.и.т., профессор,

мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии

ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 1 человек

Все реакции:

2020