Имрӯз бо ибтикори факултетҳои Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ ва Молиявию иқтисодӣ дар толори бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи “Самтҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, деканон ва омӯзгорон ду факултет баргузор гардид.

Нахуст, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Зеро дар соли 2022 ба шарофати заҳматҳои содиқонаву созандаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафмандона амалӣ гардиданд.

Сипас, Қ. Гулов, мудири кафедраи менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, дар мавзуи “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, Б. Наимов, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, дар мавзуи “Самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар партави Паёми Пешвои миллат” ва Набизода Эмомалӣ, раиси созмони ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи “Таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи хештаншиносии ҷавонон” суханронӣ намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

Все реакции:

6161