Мояи ифтихору саодатмандӣ аст, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтариам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як қатор иду ҷашнҳои милливу таърихӣ дубора, аз ҷумла Наврӯзу Сада ва Меҳргону Тиргон эҳё гардидаву дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил карда мешаванд. Яке аз чунин ҷашнҳои таърихиву миллии мардуми тоҷику форс ҷашни Сада мебошад.

Ҷашни Садаро аҷдодонамон дар давраи гузашта ва имрӯз низ бо суруру шодмонӣ ва ифтихори баланд истиқбол мегирифтанду мегиранд. Хушбахтона, ҳоло тамоми анъанаву оини ин ҷашни ниёгонамон барқарор гардидаву моҳияти онҳо ба насли наврасу ҷавони кишвар шарҳ дода мешаванд то онҳо бо мазмуну ҳадафи онҳо шинос гарданд. Қайд намудан зарур аст, ки дар фалсафаю ҳикмати ҷашни Сада ваҳдату дӯстӣ, шинохти оламу одам, пайванди ногусастании инсон бо табиат ва аз ҳама муҳимму асосӣ пирӯзии некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардӣ ниҳон аст, мебошад.

Сада ифодагари орзуву омоли мардуми сарбаланди тоҷику форс буда, моро бо асли худ мепайвандад. Дар шароити кунунӣ, ки марҳилаи басо мураккабу печидаи сиёсиву фарҳангӣ ҷараён дорад, шинохти дурусти чунин ҷашнҳои таърихиву миллӣ дар тарбияи ватандӯстиву худогоҳии мардуми ҷомеа аҳамияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати мамлакат талош доранд, ки дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо расму оинҳои милливу таърихиамонро эҳёву рушд бахшанд. Ҷашни Сада гувоҳи возеҳи таҳкиму тақвияти ваҳдату дӯстии инсонҳо аст.

Сада ифтихору қудрати миллати фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷику форс мебошад. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон ҷашни Садаро сокинон бо тамоми расму оинҳои миллӣ таҷлил намуда истодаанд. Дар ҷараёни истиқболи ҷашни Сада хурду бузург бо ҳам омада, ҳамдигарро шодбош менамоянд. Сада, ки аз калимаи сад гирифта шудааст, маънии панҷоҳ шабу рӯзро ба истиқболи ҷашни Наврӯз ифода мекунад.

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят и текст

Все реакции:

1313