Имрӯз 3-юми феврали соли 2023 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки намояндагони ВАО доир гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти ДДБ ба номи Носири Хусрав маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки донишгоҳ раванди таълимро аз рўйи 71 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба роҳ мондааст. 23 ихтисоси дигар низ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф барои соли таҳсили 2023-2024 иҷозат дода шудааст, ки кор дар ин самт бомаром идома дорад.

Агар дар нимсолаи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 сатҳи сифати таҳсилот 29%-ро ташкил дода бошад, ин рақам дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 ба 35,6% расид, ки нисбатан 6,6% зиёд мебошад. Пешрафт тибқи натиҷагирии сессияи имтиҳонии нимсолаи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 70,9%-ро ташкил дода, дар ин нимсола ба 78,8% расид, ки 8,8% зиёд мебошад.

Дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳро 3589 нафар донишҷўён хатм намуданд, ин теъдод дар соли таҳсили 2021-2022 3615 нафарро ташкил дод. Дар соли 2022 аз шумораи умумии хатмкунандагон 39 нафар нафар донишҷўён соҳиби дипломи аъло гардид.

Таҷрибаомўзии донишҷўён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн гузаронида мешаванд. Бояд ҳаминро қайд кард, ки раёсати донишгоҳ то имрўз барои гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо зиёда аз 70 корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин, барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ бо зиёда аз 32 муассисаи таълимии шаҳри Бохтар, Леваканд ва ноҳияҳои Кӯшониён, Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Инчунин, аз литсейи назди донишгоҳ ва коллеҷи омўзгорӣ низ бо ин мақсад истифода бурда мешавад.

Бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии донишҷӯёни болаёқату аълохон ва навовару эҷодкор пайваста аз идрорпулиҳо бархурдор мегарданд. Дар соли таҳсили равон дар баробари стипендияи аз буҷети давлатӣ ҷудогардида, ки 2051 нафарро ташкил медиҳанд, 8 нафар донишҷӯёни аълохони донишгоҳ бо гирифтани Стипендияи Президентӣ, 6 нафар бо гирифтани Стипендияи раиси вилоят, 15 нафар донишҷӯён бо Стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 10 нафар бо гирифтани Стипедияи Иттифоқи касабаи донишгоҳ сазовор гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои пайдарпайи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қабул гардида истодааст. Ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ 16 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ ва 2 ихтисоси таълимашон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ибтикори раёсати донишгоҳ моҳи январи соли 2023 маркази омўзиши илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби сарварии Пешвои миллат” ба фаъолият шуруъ намудааст, ки омўзгорону донишҷўён бевосита бо ин марказ ҳамкорӣ доранд.

Дар соли 2021 омўзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол намуда, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 18 ҷой расид. Аз ҷумла, 4 ҷой дар озмуни «Донишҷў ва пешрафти илму техника», 2 ҷой дар олимпиадаи ҷумҳурявии «Ҷоми раёсати донишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон», 4 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳурявӣ миёни донишҷўёни МТОК, 3 ҷой дар озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, 5 ҷойи ифтихорӣ дар озмунҳои гуногуни ҷумҳурявиро соҳиб гардиданд.

Ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандӣ ба 112 корманд роҳхат ба осоишгоҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ва 14 нафар фарзандони онҳо роҳхат ба истироҳатгоҳҳо дода шуд. Инчунин, ба 29 нафар омўзгорону донишҷўён ҷиҳати ҳавасмандӣ дар 6 моҳи соли 2022-2023 74700 сомонӣ маблағ гузаронида шуд.

Ҳамасола маблағҳои шартнома дар донишгоҳ мақсаднок истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон, 12 маротиба дар 10 соли охир музди маоши кормандон афзоиш ёфтааст. Инчунин, 20% музди маоши кормандони хоҷагӣ ва техникӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шудааст.

Донишгоҳ узви фаъоли МТОК-и Осиёи Миёна мебошад. Қайд бояд намуд, ки дар соли 2021-2022 16 МТОК ва дар соли 2022-2023 бо 18 МТОК-и кишварҳои хориҷ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарин усулҳо дар таълими дарсҳо, истифодаи технология ва техника дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.

Дар охир, саволҳои пешниҳодшудаи хабарнигорон аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Дар охир Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

и ещё 4

Все реакции:

8686