Дар толори Кохи фарҳанги ДДБ ба номи Носири Хусрав вохӯрии масъулини ноҳияи Кӯшониён бо донишҷӯёне, ки истиқомакунандаи ноҳияаанд доир гардид.

Зимни вохӯрӣ М. Ҳакимзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҳ. Куганзода, комиссари ҳарбӣ, Ш. Маҳмадализода, раиси бахши кор бо ҷавонон оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳимояи марзу бум ва имтиёзҳои давлату ҳукумати кишвар ва МИҲД ноҳияи Кӯшониён барои ихтиёран рафтан ба хизмати ҳарбӣ маълумот дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки баъди хатми донишгоҳ барои ҳимояи марзу буми кишвар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваста, сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намоянд.

Дар охир, А. Файзализода, мудири шӯъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз номи ректори донишгоҳ барои чунин як вохӯрии судманду тарбиявӣ ба масъулини ноҳияи Кӯшониён изҳори сипос намуд.

Все реакции:

3030