Имрӯз дар бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Фурӯғи одамият аз китоб аст” бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, омӯзгорон ва ҷонишинони илми факултетҳо баргузор шуд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Давлтзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Зимни суханронӣ Давлтзода Сайфиддин ҷиҳати ҷалби васеи иштироки донишҷӯёну омӯзгорон, ташкил намудани ситоди донишгоҳӣ оид ба гузаронидани озмунҳо, таъмини адабиёти тавсеашаванда ба иштирокчиёни озмун дастурҳои қатъи дод.

Дар ин чорабинӣ Сафармад Аҳмадов, мудири кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Наимзода Қудратулло, номзади илмҳои филологӣ оид ба масъалаҳои баъзе мушкилоти довталабони озмун ва Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факулети филологияи тоҷик оид ба аҳмаият ва моҳияти озмун баромад намуданд.

Все реакции:

6767