• зери ин унвон дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбати хоссаи Хоналӣ Қурбонзода, доктори илмҳои таъриҳ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну омӯзгорон доир шуд.

Хоналӣ Қурбонзода, доктори илмҳои таърих зимни суханрони
таъкид намуд, ки яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид, ин соҳаи маориф мебошад.

Ба таъкиди Пешвои миллат “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

Ин суханон аз он далолат медиҳад, ки агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

Пешвои миллат ба вазорату идораҳо супорш доданд, ки роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Все реакции:

8888