• Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи Ҷумҳурияви Ҷудо миёни бузургсолон баргузор гардид, ки дар он ҳафт даста ва беш аз 250 паҳлавон (230 мард ва 20 бону), аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқа Тағойназар Нодиров, профессори кафедраи тарбияи ҷисмонии ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Федератсия ҷудои Тоҷикистон бо медал ва таҳфаи молӣ қадрдонӣ гардид.

Шарҳи ҳол:

Нодиров Тағойназар Ниёзмуҳаммадович [тав. 1. 01. 1953, д. Гулов Кугани Ҷ. д. Сарвати Истиқлоли ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар)]. Таҳсил дар мактаби миёнаи умумии № 17-и н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён, 1959–1967), омӯзгор, проф. (2015), варзишгар. Устоди варзиши СССР, Устоди варзиши Тоҷикистон (1973), Тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002).

Хатмкардаи техникуми тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе (1970) ва Ин-ти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи Михаил Иванович Калинин (ҳоло Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов, 1975). Омӯзгори тарбияи ҷисмонии филиали ИДПД ба номи Тарас Григоревич Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 1978 то ҳоло). Солҳои 1981–1994 мудири «Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ» таъйин шуда, соли 1973 дар мусобиқаҳои гӯштини тарзи дзю-до дар шаҳрҳои Донестск, Киев, Майко соҳиби ҷойҳои сеюм гардидааст.

Инчунин соли 1973 дар мусобиқаи оид ба гӯштини самбои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар ш. Хуҷанд баргузор гардид, соҳиби ҷойи якум шудааст. Ҳамон сол дар мусобиқаи умумииттифоқии гӯштини самбо, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид, ҷойи дуюмро ишғол намуд ва ба унвони «Устоди варзиши СССР» мушарраф гардид.

Соли 1973 дар мусобиқаи гӯштини миллии тоҷикӣ иштирок карда, соҳиби унвони «Устоди варзиши Тоҷикистон» шудааст. Ҳамон сол дар ш. Майкоби Федератсияи Россия дар мусобиқаи байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзида, ҷойи сеюмро ишғол намуд ва унвони аввалин устоди варзиш оид ба гӯштини дзю-до сазовор гардид.

Соли 1993 барои корҳои илмию методӣ ва аз чоп баровардани якчанд мақола тибқи тасдиқи ВАК-и Федератсияи Россия ба ӯ унвони дотсентӣ супорида шуд.

Соли 2015 барои корҳои илмию методӣ ва аз чоп баровардани дастурҳои илмию методӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳ маъмурияти донишгоҳ дотсент Нодиров Тағойназарро ба унвони проф. «Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ» лоиқ донист.

Все реакции:

6161