Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати таҷлили 30 – умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” доир гардид.

Дар чорабинӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи муовини ректор оид ба тарбия, раиси бонувон ва ҷавонони донишгоҳ, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳозиринро бо фарорасии ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба як сипари боэътимоди Ватан инчунин, таъминкунандаи амнияти кишвар мубаддал гаштааст.

Дар идомаи суханронӣ иброз намуд, ки имрӯз Артиши миллӣ таъминкунандаи амнияти ҳар як сокини кишвар буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар чорабинии мазкур намоиши машқҳои элементӣ ва шеърҳо дар иҷрои хонандагони литсей ва донишҷӯёни донишгоҳ, намоиши ҷанги тан ба тан, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо як маҳорати баланд пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Қисмати фарҳангии чобаринӣ бо иштироки Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Чупон Бадали Ванҷӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Рустами Хомарахш, доктори илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дар иҷрои ҳунармандони вилояти Хатлон, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона буданд, мазури ҳозирин гардонида шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

и ещё 5

Все реакции:

132132