Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 30-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.

Ҳар як кишвар дорои Артиши миллии худ аст вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Инчунин барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Баъди пош хурдани собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.


Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ аз сифр шурӯъ намуданро оғоз кард. Ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлатӣ тоҷикон ва бақои истиқлолиятӣ он таҳти хатари нобуди қарор дошт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.

Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.

Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ, қувваҳои зудамал буда бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавои мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонату шуҷоат ва кафолати зиндагии орому осудаи халқ ба сохтори муташаккилу муҷаҳҳаз табдил ёфтааст, ки дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он нақши бузургу созанда дорад. Инчунин садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст.

Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу суботи Ватани азизамон ва пойдории истиқлолияти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб рафта, бигузор Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода ва зафарёб бошад.

Самиев Усмон Абубакрович

Возможно, это изображение 1 человек и текст

Все реакции:

2626